Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 112 кушта дар хушунатҳои Мянмар


Дар хушунатҳои қавмиву мазҳабии чанд рӯзи охир дар Бирма, ки бо номи Мянмар ҳам маъруф аст, беш аз 100 нафар кушта шудаанд. Сухангӯи аёлати ғарбии Рахине гуфт, даргириҳо байни буддоиҳои Рахине ва мусалмонони Роҳингия дастикам 112 кушта дар пай дошт. 2000 манзилро оташ задаанд. Хушунатҳо рӯзи якшанбе вақте сар шуд, ки ақалияти Роҳингия алайҳи камбуди кумакҳо ва ғизо дар рустоҳои онҳо эътироз карданд.
Хушунатҳои ахир дар Мянмар ба дунболи хушунатҳои мазҳабии моҳи июн аст, ки даҳҳо кушта ба ҷо гузошт ва ҳазорони дигарро беҷо кард. Мавҷи ахири низоъ боис шуд, ки созмонҳои умдаи мусалмонии Мянмар аз таҷлили иди Қурбон худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG