Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди 10-уми гаравгонгирӣ дар театри Дубровка


Рӯзи ҷумъа дар маросиме дар назди театри Дубровка дар Маскав аз солгарди 10-уми гаравгонгирии тамошобинони як намоиши ин театр ёд карданд. Рӯзи 23 октябри соли 2002 як гурӯҳи ҷангиён беш аз 700 нафарро дар ин театр асир гирифта, хуруҷи нирӯҳои Русия аз Чеченистонро талаб карданд. Дар ҷараёни амалиёти вижа, ки рӯзи 26 октябр тамом шуд, 130 тан аз гаравгонҳо ҷон бохтанд. Иллати марги бисёри онҳо газе буд, ки бо ҳадафи беҳол кардани ҷангиён сар дода буданд. Рӯзи ҷумъа ба ёди қурбониёни он фоҷиа дар назди театр мардум шамъ даргиронд ва ба ёди ҳар қурбонӣ ба ҳаво 130 пуфак сар доданд.
XS
SM
MD
LG