Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сангзании тимсоли Иблис дар Мино


Ҳудуди 3 миллион зоири мусалмон, ки бино ба ҳисобҳо, имсол барои Ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд, рӯзи ҷумъа дар водии Мино дар шарқи Макка барои маросими санг задан ба тимсоли Иблис ҷамъ шуданд. Сангзанӣ, ки марҳалаи ниҳоиии маросими панҷрӯзаи Ҳаҷҷ аст, 3 рӯз давом хоҳад кард. Зоирон барои иҷрои ин фариза бояд ба 3 деворе, ки тимсоли Иблис аст, санг бизананд. Онҳо ин сангҳоро шабона дар шаҳри дигари Муздалифа ҷамъ мекунанд. Ҳаҷҷ аз ҷумла фарзҳои Ислом аст, ки мегӯяд, ҳар мусалмоне ки тавони молӣ ва ҷисмониашро дорад, бояд дар зиндагиаш дастикам як маротиба Ҳаҷҷ кунад.
XS
SM
MD
LG