Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко: Ба "мафия" раъй надиҳед!


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко
Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко дар як паём аз зиндон аз мардум даъват кард, то дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 октябр “мафия”-и раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Виктор Януковичро сарнагун кунанд. Украина бо 46 миллион ҷамъияташ дар ҳоле ба интихобот меравад, ки 7 сол ҳукми зиндони Тимошенко бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба мавҷи интиқодоти байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст. Мунтақидон ҳукми раҳбари мухолифинро сиёсӣ меноманд. Евгения –духтари Юлия Тимошенко- паёми модарашро қироат кард, ки дар он аз мардум даъват мешавад, то ба ҳизби минтақаҳои Янукович овоз надиҳанд: “Дар ин интихобот ҳар кадоми шумо барои бақои худ раъй медиҳед. Ин набард барои ҳифзи Украина аст.”
Эътилофи “Баткившина”-и Тимошенко феълан дар назарсанҷиҳо дар баробари ҳизби “Удар”-и ситораи бокс Виталий Кличко дар ҷои дуввум аст.
XS
SM
MD
LG