Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Маймана дастикам 40 кас ҷон бохтааст


Маймана дар харитаи Google Earth
Маймана дар харитаи Google Earth
Дар як таркиши маргталабона дар рӯзи иди Қурбон дар шимолуғарби Афғонистон дастикам 40 кас кушта ва беш аз 70 тани дигар захмӣ шуданд. Бомбгузор худро дар дохили масҷиди Идгоҳ дар Маймана- маркази вилояти Форёб вақте тарконд, ки мардуми зиёд баъд аз намози ид берун мерафт. Волии Форёб Муҳаммадуллоҳ Батош гуфт, дар байни қурбониён занону тифлон ҳам буданд. Ба гуфтаи ноиби волии Форёб Абдулсаттор Бориз дар ин ҳамла 19 тан аз нирӯҳои амниятӣ низ ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG