Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зиндонии Эрон барандаи ҷоизаи Сахаров шуданд


Имрӯз ҳомии ҳуқуқ, Насрин Сутуда ва коргардон Ҷаъфар Паноҳӣ аз Эрон барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров, «Барои озодии фикр» эълон шуданд, ки ҳамасола ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муборизон бо беадолатӣ дар ҷаҳон тақдим мешавад .
Насрин Сутуда, ҳуқуқшинос аст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирокчиёни эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2009-ум дар Эронро ҳимоя кардаст. Вай соли гузашта дар расондани зиён ба амнияти кишвар муттаҳам шуда, барои 11 сол равонаи зиндон гардидаст. Ҷаъфар Паноҳӣ ҳам ба ин айб 6 сол аз озодӣ ва 20 сол аз ҳуқуқи банаворгирии филмҳо маҳрум шудааст.
Ҷоизаи ба номи Сахаров, «Барои озодии фикр» соли 1988 аз ҷониби Парлумони Аврупо таъсис ёфта, ба шахсони алоҳида ё гуруҳҳое тақдим мешавад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муброиза мебаранд. Маблағи ҷоиза 50 ҳазор евроро ташкил дода, нимаи ҳар моҳи декабр, дар арафаи солгарди навбатии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар супурда мешавад. Маросими тақдими ҷоиза аксаран бе иштироки баранда сурат мегирад, чун бисёри барандагони ҷоиза дар пушти панҷараҳои зиндон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG