Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Украина: Янукович, Кличко ва номаи зидди "мафия"


Интихоботи рӯзи 28-уми октябри парлумони Украина нахустин интихоботи саросарӣ дар ин кишвари пасошӯравӣ баъди ба қудрат расидани раисиҷумҳурии кунуниаш Виктор Янукович аст.

Оё Янукович султааш бар саҳнаи сиёсии Украинаро ҳифз хоҳад кард? Оё эътибори мухолифин баъди ба кунҷи зиндон андохта шудани ситораи “инқилоби норанҷӣ”-аш Юлия Тимошенко ба куҷо расидааст? Қаҳрамони бокси ҷаҳон Виталий Кличко, ки майдонҳои варзишии дунёро зиёд ларзондааст, бо ҳизби Удараш майдони сиёсати Украинаро то куҷо хоҳад ларзонд? Ин аст чанд суоли матраҳ ки посухашро натиҷаҳои интихоботи рӯзи 28-уми октябр хоҳад дод.

Мунтақидон Януковичро айбдор мекунанд, ки аз роҳи ислоҳоти демократии “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 пас гашт, мухолифини сиёсиашро таъқибу зиндонӣ мекунад ва мехоҳад дар Украина як низоми монанд ба султаи Владимир Путин дар Русияро бисозад. Агар ҳизби минтақаҳои ӯ дар ин интихобот ҳам баранда шавад, имкони гирифтани пеши роҳи инҳисор (монополия)-и боз ҳам бештари қудрат дар дастони Янукович хеле ночиз хоҳад шуд.

Таҳлилгар Виталий Бала мегӯяд, "барои Украина ин як интихоботи хеле муҳим аст. Чунки мо дар роҳе қарор дорем, ки монанди Русия аст. Яъне, чунин вертикали давлатдорӣ сохта истодаанд, ки ҳама тобеи раисиҷумҳур аст ва гузашта аз ин, ин вертикал рӯз то рӯз таҳким меёбад."

Президенти Украина Виктор Янукович бо ҳамтои русаш Владимир Путин
Президенти Украина Виктор Янукович бо ҳамтои русаш Владимир Путин
Тайи 2 соли раёсати Янукович Тимошенко ва чанд раҳбари дигари мухолифинро зиндонӣ карданд, салоҳиятҳои раисиҷумҳур зиёд карда шуд, созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши фасод ва коҳиши озодии матбуот дар Украина бонги изтироб мезананд ва қудрат дар дасти атрофиёни ӯ, ки ҳамчун “хонавода” маъруфанд, мунсаҷим шуд. Бино ба назарсанҷиҳои ахир, ҳизби минтақаҳои Янукович ҳамоно бо 23 дарсад пешсаф аст.

Ҳизби Удари Кличкоро 16 дарсад ва аз Иттиҳоди мухолифин бо номи “Баткившина”, ки дар заминаи ҳизби Юлия Тимошенко таъсис ёфтааст, 15 дарсад ҳимоят мекунанд. Ҳизби минтақаҳо, ки аз ҷониби олигархҳои минтақаи Донбасс ҳимоят мешавад, асосан ба орои вилоятҳои русзабони ҷануб ва шарқи Украина умед мебандад. Иттиҳоди мухолифин дар ғарб қавитар аст.

Аммо Кличко, ки дар ин корзор ба унвони як ситораи нави сиёсӣ дурахшид, ба бозигаре табдил ёфт, ки бо шиорҳои ғарбгароёна ва ваъдаи мубориза бо фасод метавонад орои мардумро ҳам дар ғарб ва ҳам дар ҷанубу шарқи Украина аз дасти ин ду ҳизб бигирад. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки мардум аз байни сиёсатмадорон бештар ба Виталий Кличко эътимод доштаанд. Маҳбубияти ӯ пайваста меафзояд ва агар ин қаҳрамони бокс дар интихоботи 28-уми октябр ҳам натиҷаи хуб ба даст биорад, зоҳиран ба як рақиби билқувваи Янукович дар интихоботи соли 2015 табдил хоҳад ёфт.

Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко
“Омили Кличко”, ба бовари бисёриҳо, натиҷаи хаста шудани мардум аз рақобатҳои тӯлонӣ байни ҳизби ҳоким ва мухолифин аст. Тетяна Нестерович, як омӯзгори нафақахӯр мегӯяд, ӯ ҳоло ба Кличко умед бастааст: “На якумашро мехоҳам, на дувумашро. Ман тарафдори ягон нерӯи навам. Ҳанӯз намедонам, ки Кличко ва ҳизби Удари ӯ чӣ ваъдаҳое мекунанд, вале мехоҳам фарзандону набераҳои ман зиндагии дигаре дошта бошанд. Ман 27 сол кор кардам ва ҳамагӣ 980 гривна нафақа мегирам. Намехоҳам, ки зиндагии кӯдакони ман ҳам чунин бошад.”

Интихоботи 28-уми октябр нахустин интихобот аз соли 1994 аст, ки бидуни ширкати Юлия Тимошенко мегузарад. 7 сол ҳукми зиндон ӯро аз ҳаққи ширкати расмӣ дар ин корзор маҳрум кард. Аммо Тимошенко як омили умда дар саҳнаи сиёсии Украина боқӣ мемонад. Ӯ ахиран бо ирсоли паёме аз зиндон аз мардум даъват кард, то дар интихоботи парлумонӣ ба ҳизби минтақаҳои Янукович раъй надиҳанд, то ба гуфтаи сарвазири собиқ, “мафия”-ро сарнагун кунанд. Ба бовари Тимошенко, пирӯзӣ дар интихобот роҳи Янукович барои такмили нақшаи сохтани диктатура дар Украинаро ҳамвор хоҳад кард.

Ҳизби минтақаҳо ба навбаи худ бо ваъдаҳои мардумгароёна, аз ҷумла афзоиши хароҷоти иҷтимоӣ, ба интихобот меравад. Нозирон мегӯянд, ҳизби ҳоким барои таъмини орои бештар аз манобеъи маъмурӣ ва тақаллуб низ фаровон истифода хоҳад бурд. Аз ин нигоҳ, ба бовари таҳлилгарон, интихоботи феълӣ як навъ имтиҳони пойбандии Украина ба арзишҳои демократӣ ҳам ҳаст, вале таҳлилгар Константин Матвиенко, барои мисол, баъид медонад, ки Украина аз ин имтиҳон гузарад.

Ба ғайр аз ҳизби ҳокими минтақаҳо, Иттиҳоди “Баткившина” ва ҳизби Кличко, ҳизби коммунист ва ду ҳизби хурди қавмгаро – Свобода ва “Ба пеш, Украина!” низ шонси убур аз садди панҷдарсадии вуруд ба ҳайати парлумони ояндаро доранд. Дар маҷмӯъ, дар интихоботи парлумонии Украина 21 ҳизбу эътилоф ширкат мекунанд. 225 вакили Верховни Рада мустақиман дар ҳавзаҳо ва 225 вакили дигараш аз ҳисоби аҳзоби сиёсӣ интихоб мешаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG