Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озмун барои дарёфти корманди ҳирфаӣ буд!"


Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе

Посухи шаҳрдории Душанбе ба як матлаби Радиои Озодӣ

Ба Радиои Озодӣ
Нусха: Ба Мирбобои Мирраҳим,
муддаии мансаби директори
Муассисаи давлатии
"Телевизиони пойтахт"

Гузориши Шаҳлои Гулхоҷаро тавассути Радиои Озодӣ аз 18.10.2012 шунида, аз он дар ҳайрат мондем, ки нисбат ба баргузории озмун барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт», ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №440 аз 20 июли соли 2012 давоми ду моҳ идома дошт (на балки «як моҳ идома дошт»-и Радиои Озодӣ), на ҳамаи рақаму далелҳо ва воқеият ба шунавандагон дуруст расонида шудаанд.

Азбаски рисолати воситаҳои ахбори омма ба хонанда ё шунаванда пешниҳоди иттиллоти дуруст ва дақиқ мебошад, зарур мешуморем, ки ба кулли шунавандагони Радиои Озодӣ ҳақиқати воқеиро аз баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» баён намоем.

Агар эътибор дода бошед, аз эълон то ҷамъбасти озмун ва бо Қарори Раиси шаҳр №603 аз 2 октябри соли 2012 таъин намудани директори нави муассисаи мазкур зиёда аз 70 рӯз гузашт, ки маъмулан ягон озмуни шаҳрдорӣ ба ин қадар мӯҳлати дароз тамдид карда нашудааст. Ҳамаи ин ба он мақсад буд, ки аз ҷумлаи довталабон беҳтарину арзандатарин мутахассиси соҳа ба вазифа пешниҳод карда шавад. На ба ақидаи ширкаткунандаи номуваффақи ин озмун Мирбобои Мирраҳим, ки бо аламу таассуфи зиёд ва пӯшондани «бесалоҳиятӣ»-и хеш «чунин озмунҳо дурӯғанд ва танҳо ба хотири хок пошидан ба ниҳодҳои ахлоқиву демократӣ, ҳирфавию касбӣ доир мешаванд», гуфтааст.

Модоме ки чунин бошад, ҷаноби Мирбобои Мирраҳим, ақли кӣ мегирад, кӣ бовар мекунад, ки шаҳрдорӣ чунин «озмунҳои дӯруғ»-ро, «ба хотири хок пошидан ба ниҳодҳои ахлоқиву демократӣ, ҳирфавию касбӣ» 72 рӯз идома диҳад?! Магар ба ин мансаб соҳиб шудани шахси арзанда, соҳиби касбияти воло (ҳирфавӣ), ташкилотчӣ ба манфияти шаҳрдорӣ нест?! Ана аз рӯи ҳамин меъёру манфиятҳо комиссияи озмун аз байни 12 номзад ба ин симмат на Мирбобои Мирраҳим, балки директори Радиои Тоҷикистон, Абдуқодири Абдуқаҳҳорро, ки дар садову симои ҷумҳурӣ 17 сол собиқаи корию роҳбарӣ дошта, бо Консепсияи махсуси худ иборат аз 13 боб нисбати рушду таҷдиди телевизиони асри XXI ширкат дошт, пазируфт. Мавсуф ним соат аз бахши беҳбудии кори «Телевизиони пойтахт» гузориш дода, ба 10 саволи ҳайати Комиссия ҷавобҳои қаноатбахш гардонд. Комиссия аз интихоби ӯ қаноатманд мебошад, чунки давоми як моҳ алакай Консепсияи пешниҳоднамудаи роҳбари нав татбиқи амалии худро ёфта истодааст.

Аз як гилаю эроди М.Мирраҳим чашм пӯшидан нашояд: «Ман номзади илми фалсафа, соҳиби чандин филмнома ва аз соли 1975 дар радио ва телевизион кор кардам ва ҳоло бекор нишастаам. Чун на аз чиҳати ҷуғрофӣ ва шарҳи ҳолам баробар намеоям».

Бояд тазаккур дод, ки собиқаи кори Мирбобои Мирраҳим дар садову симо ҳамагӣ як солу 6 моҳ (танҳо соли 1975 муҳаррири барномаҳои мусиқӣ ва аз 10.05.1992 то 30.10.1992 Раиси Ширкати садо ва симои Тоҷикистон) кор кардааст.

Дар шартҳои озмуне, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълон карда буд, таъкид шудааст, ки «Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона (журналистӣ дар назар аст) ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад». Маълумоти олии касбии Шумо, ҷаноби М. Мирраҳим, муаллими фанҳои таъриху забон ва адабиёти тоҷик буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (соли 1975) мебошед.
Аз ин нуқтаи назар, ихтисоси Шумо ба журналистика, махсусан, кори телевизион иртиботе надошта, корманди ҳирфавӣ маҳсуб намеёбед!

Расондани дигар шарти муҳими озмунро ба Шумо ва шунавандагони Радиои Озодӣ ҳатмӣ медонем. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба ин мансаб (7 санади муқаррарӣ) тибқи Қарори зикргардидаи Раиси шаҳри Душанбе аз 25 июл то 25 августи соли 2012 эълон шуда буд. Вале муддаии номуваффақ - Мирбобои Мирраҳим ин шарту мӯҳлатро риоя накарда, 29 август - баъди 5 рӯз ба почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе (Сайти-752 аз 11.09.2012), на ба комиссияи озмун, бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима, муроҷиат кардааст. Комиссияи озмун метавонист муроҷиати Шуморо умуман рад карда, худи Шуморо ба озмун роҳ надиҳад. Дигар чӣ лозим гилаву эътирозу худситоӣ?!

Бо вуҷуди ин, мавсуф ба озмун роҳ ёфт. Боз шарм надошта, инсофу виҷдонро фаромӯш карда, чунин фардҳо «озмунхо дурӯғанд, … ба хотири хок пошидан ба ниҳодҳои ахлоқиву демократӣ, ҳирфавию касбӣ доир мешаванд»- мегӯянд. Агар эшон худро ҷузъе аз ниҳодҳои ахлоқиву демократӣ, ҳирфавию касбӣ эътироф намояд, вой бар ҳоли ахлоқу демократия!

Бо эҳтиром,
Раиси Комиссияи
озмуни Мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ дар шаҳри Душанбе,
муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н.Хайруллоев


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG