Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии навбатии Удалтсов


Удалтсов қабл аз вуруд ба Кумитаи тафтишот
Удалтсов қабл аз вуруд ба Кумитаи тафтишот
Раҳбари Ҷабҳаи чапи Русия Сергей Удалтсовро рӯзи ҷумъа дар иртикоби парвандаи қсди ташкили ошӯбҳо алайҳи давлати Владимир Путин бозпурсӣ кардаанд. Владимир Маркин - сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, Удалтсовро шояд ба қасди ошӯб айбдор кунанд. Дар ин парванда алакай ду фаъоли мухолифин - Константин Лебедев ва Леонид Развозжаев - боздошт ва расман айбдор шудаанд. Алайҳи ин се нафар баъд аз нашри филми мустанади “Анатомияи эътироз-2” Дар шабакаи НТВ парванда боз карданд. Развозжаев рӯзи панҷшанбе аз эътирофоти қаблиаш даст кашид ва гуфт, он баёнотро таҳти фишор имзо карда буд. Аммо Маркин гуфт, тафтишот бе ин баёнот ҳам далелҳои кофӣ дорад.
XS
SM
MD
LG