Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия аз ин соатҳо оташбас эътбор пайдо кард


Қарор аст имрӯз оташбаси миёни нируҳои давлатии Сурия ва шӯришиён эътибор пайдо кунад. Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи байналмилллалӣ барои Сурия гуфт, баъд аз 19 моҳи даргириҳо, ки даҳҳо ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст, ҷонибҳои даргир қавл додаанд, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон 4 рӯз оташбасро риоят мекунанд.

Артиши Озоди шӯришиёни Сурия мегӯяд, дар рӯзҳои Иди Қурбон, оташбасро риоят мекунанд. Вале генерал Мустафо Шайх-фармондеҳи ин артиш аз Туркия гуфт, агар нируҳои ҳукуматӣ оташбасро шикананд, онҳо низ чунин хоҳанд кард.

Рӯзи панҷшанбе як низомии ҳукумати Сурия эълон кард, ки онҳо аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе, яъне дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбасро риоят хоҳанд кард. Вале вай ҳамзамон гуфт, ки агар аз ҷониби шӯришиён ҳамлае сурат бигирад, ба чунин ҳамла ҷавоб хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG