Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ҷонибҳои даргири Сурия дар бораи оташбас дар иди Қурбон


Артиши Озоди шӯришиёни Сурия мегӯяд, дар рӯзҳои Иди Қурбон, ки аз имрӯз оғоз мешавад, оташбасро риоят мекунанд. Вале генерал Мустафо Шайх-фармондеҳи ин артиш аз Туркия гуфт, агар нируҳои ҳукуматӣ оташбасро шикананд, онҳо низ чунин хоҳанд кард.

Рӯзи панҷшанбе як низомии ҳукумати Сурия эълон кард, ки онҳо аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе, яъне дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбасро риоят хоҳанд кард. Вале вай ҳамзамон гуфт, ки агар аз ҷониби шӯришиён ҳамлае сурат бигирад, ба чунин ҳамла ҷавоб хоҳанд дод.

СММ ва кишварҳои мухталиф аз эълони ҷонибҳои даргири Сурия дар бораи оташбас истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG