Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Урузгон марди низомипӯш ду сарбози амрикоиро кушт


Ба иттилои низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон, дар вилояти Урузгон як марди либоси полиси афғон дар тан ду сарбози амрикоиро ҳадафи тир қарор дод.
Майор Лорӣ Ҳоҷ, сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ гуфт, ки алҳол маълум нест, ки шахси ҳамлагар воқеъан корманди полис аст ё ҷангҷӯи либоси низомӣ ба бар карда.

Аз ин пеш вазорати дифои Бритониё дар бораи ҳалокати боз ду сарбози кишвар дар ҷануби Афғонистон хабар дод. Гуфта мешавад, ки онҳо дар мавзеи Наҳри Сироҷи вилояти Ҳилманд ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Тафсилоти дигар дар ин бора алҳол зери даст нест. Бар пояи бархе хабарҳо, онҳо иштибоҳан мавриди ҳамлаи ҳамяроқҳои бритониёвии худ қарор гирифтаанд.

Тайи 11 соли амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон 436 афсару сарбози бритониёвӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG