Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 25 мусаллаҳи "Толибон" дар Фарёб


Дар як даргирӣ миёни мусаллаҳони “Толибон” ва кормандони полиси вилояти Фарёби Афғонистон 25 тан аз мухолифини ҳукумат ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар задухӯрд, ки баъд аз ишғоли яке аз бозорҳо аз сӯи ифротгароҳо шурӯъ шуд, панҷ корманди полис ва ду сокини осоишта ҳам ҷон бохтаанд.

Абдулло Боташ, волии Фарёб гуфт, ки дар задухӯрд яке аз фармондеҳони маҳаллии толибон низ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG