Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои гурез аз хидмати ҳарбӣ ҷавоне аз шаҳри Турсунзода худро ба дарё партофта, дигаре дар тобут паноҳ шудаст.

Равшан Абдуллоев, донишҷӯйи бахши сеюми литсейи касбӣ-металлургии шаҳри Турсунзода аз "облава" гурехта, худро ба дарё андохтааст. Вай бо ин кори худ саломатияшро аз даст дод, аммо аз хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар халос нашуд.

Фирӯза Неъматова, муовини директори литсей, муаллимаи Равшан ин ҳодисаро чунин нақл мекунад: "хонандагонро баъд аз дарс дар роҳ ба хона "облава" дунболгир мешавад. Талабаи мо Абдуллоев Равшан барои он ки ӯро пайдо накунанд, худро ба дарё мепартояд. Дар натиҷа бемор мешавад, вале ба ин нигоҳ накарда, ӯро маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ мебаранд."

Роҳи маъмултарини гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар ҳоли ҳозир муҳоҷират ба Русия маҳсуб меёбад.
Нозирони умур дар 90 дарсади чунин маврид волидайнро гунаҳгор медонанд, ки монеи ба хидмат рафтани писаронашон мешаванд. Ба гуфтаи яке аз масъулони комиссариати низомӣ волидайне низ буданд, ки фарзандашонро дар масҷид дар дохили тобут пинҳон кардаанд, вале маъмурони низомӣ ӯро низ пайдо намудаанд.

Моҳшариф Ғафурова, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ки писари калониаш баъд аз чанд соли гурез дар Русия ниҳоят ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуд: "Рӯзҳои аввал мегуфт, ки модарҷон камтар азоб аст, ҳоло шароити хидматро хуб мегӯяд. Вале маслиҳат медиҳад, ки бародари хурдиаш хидмат накунад, мегӯяд, агар тавонед ӯро гурезонед."

Дар ҳамин ҳол, масъулини маориф мегӯянд, дар мавсими даъват, ҳозиршавии донишҷӯён дар омӯзишгоҳ ва литсею коллеҷҳои касбии Тоҷикистон коҳиш меёбад.
Шоираи Ҳидоятулло, муовини директори як литсейи Тоҷикистон, гуфт, қариб 40 дарсади шогирдонашон дар дарс ҳозир нестанд: "Баъд аз фармони президент дар мавриди даъват ба хидмати ҳарбӣ аз моҳи октябр то охири декабр бачаҳо ба дарс намеоянд. Ҳол он ки тибқи низомномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон мо бояд хонандаеро, ки 46 соат ба дарс ҳозир намешавад, хориҷ кунем."

Ин дар ҳолест, ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон шароит дар қисмҳои ҳарбиро нисбат ба солҳои пешин беҳтар гуфта, таъкид намуд, ки хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тибқи талаботи Қонуни асосии Тоҷикистон барои ҳар як шахс шарт аст ва саркашӣ аз он қонунвайронкунӣ мебошад: "То имзои созишномаи сулҳ дар роҳи ҳифзи сохти конститутсионӣ сарбозон ба ҳалокат мерасиданд, ҷароҳат мебардоштанд. Ҳамин омилҳо сабаб гардидааст, ки як ҳарос дар дили ҷавонон монад. Дигар аз он ҳолати солҳои аввали истиқлолият нишоне намондааст. Имрӯз вазъият ором аст."

Ҳамакнун дар зеҳнҳо ин суол аст, ки чаро дар замони истиқлол хидмат дар сафи артиш чун даврони Шӯравии пешин, ки волидайн барои гусели фарзандон маъракаҳои бошукӯҳ меоростанд, роиҷ нест? Даврон Зокиров, коршиноси тоҷик, мегӯяд, бинобар он ки дар аксари хонаводаҳо вазъи иқтисодӣ хуб нест, фарзандон ду соли хидматро сарфи беҳудаи вақт медонанд ва ба ин далел беҳтар меҳисобанд, ки ба муҳоҷират рафта, шароити хонаводаашонро хубтар намоянд.

Ин коршиноси тоҷик пешниҳод дорад, то таҷрибаи дигар кишварҳо дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ истифода шавад: "Хидмати ҳарбӣ бояд тариқи шартнома роҳандозӣ шавад. Ин ҳам ба манфиати давлат асту ҳам ҷамъият. Артиши бақувват танҳо ба воситаи беҳтар кардани шароит созмон меёбад."

Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар муддати 20 рӯзи аввали мавсими даъват нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмат ҳудуди 60 дарсад иҷро шуда, дар бархе аз вилоятҳо ба 80 дарсад расидааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG