Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи тоҷик": Дар рӯзи ид интиқоли барқ қатъ намегардад


Ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ба муносибати Иди Қурбон интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинони навоҳӣ ва деҳоти дурдасти Тоҷикистонро қатъ нахоҳад кард. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик", дар сӯҳбат бо Радои Озодӣ гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки шурӯъ аз шоми 25-ум то поёни рӯзи 26-уми октябр барқро дар сартосари кишвар хомӯш накунанд.

Рашид Гулов мегӯяд, ҳар сол ба муносибати идҳои расмӣ, ки дар фасли маҳдудияти барқ рост меоянд, интиқоли нерӯи барқ қатъ намешавад. Қаблан, дар оғози моҳи октябр, ширкати "Барқи тоҷик" бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар деҳоти кишвар маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ҷорӣ кард. "Барқи тоҷик" далели ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ дар деҳоти кишварро, дар паст шудани сатҳи дарёи Вахш арзёбӣ намуда буд.
XS
SM
MD
LG