Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон мардумро бо Иди Қурбон табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон,раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар як паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба Иди Қурбон табрик гуфта, аз онҳо хост, дар рӯзҳои сахт ба якдигар дасти кӯмаку ёрмандӣ дароз намоянд. Ӯ дар ин паём ҷавононро ба илмомӯзӣ ва волидонро барои эҳсоси масъулияти бештар дар таълиму тарбияи фарзандон даъват кард.

Раисиҷумҳур аз Ислому равияҳо ва созмонҳои гуногуни исломӣ ҳам ёдовар шуда, мазҳаби Ҳанафиро, ки аксари кулли сокинони мусалмони Тоҷикистон пайрави онанд, аз ҷумлаи мазоҳиби мӯътадил ва муҳим хонд. Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дод, ки баъзе аз равияҳову созмонҳо аз номи муқаддаси Ислом сӯистифода мекунанд ва ҷавонон набояд дар ин маврид зиракиву ҳушёриро аз даст диҳанд.

Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон дар Тоҷикистон фардо, 26 октябр таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG