Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нуланд: ИМА ба ошӯбгарони суриягӣ "Стингер" надодааст


ИМА хабари аз сӯи ошӯбгарони суриягӣ истифода шудани муҷтамааи мушакии зиддиҳавоии «Стингер»-ро қатъӣ рад кард. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, ки Вошингтон ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Димишқ фақат кӯмаки ғайринизомӣ мекунад ва ба онҳо ягон хел силоҳ надодааст. Ӯ аз Русия хостори ироаи далелҳои мавҷудияти “Стингер”-ҳо дар дасти ошӯбгарони суриягӣ шуд, зеро, ба иттилои ӯ, ҷонибҳои даргир дар Сурия асосан аз муҷтамааи мушакии зиддиҳавоии истеҳсоли шӯравии собиқ истифода мекунанд.

Аз ин пеш вазири дифои ИМА Леон Панетта ҳам эълом дошт, ки Пентагон ягон “Стингер”-ро дар ихтиёри ошӯбгарон нагузоштааст.

Рӯзи чоршанбе Николай Макаров, раиси Ситоди умумии артиши Русия, гуфт, гурӯҳҳои мухолифини мусаллаҳи Сурия, ки бо нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд, муҷтамааи мушакии зиддиҳавоии хориҷӣ, аз ҷумла, амрикоиро дар ихтиёр доранд.
XS
SM
MD
LG