Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари ҳамла ба консулгарии ИМА дар Бенғозӣ кушта шуд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Либия, ки дар ҳамла болои консулгарии Амрико дар Бенғозӣ гумонбар дониста мешуд, кушта гардидааст.

Дар тирандозӣ дар Қоҳира, пойтахти Миср, як шаҳрванди Либия, гумонбари ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозӣ, кушта шуд. Дар ҳамлаи рӯзи 11-уми сентябри соли ҷорӣ дар Бенғозӣ чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Либия -- Крис Стивенс, ба ҳалокат расида буданд.

Ба гуфтаи мақомоти Миср, онҳо шаҳрванди Либияро бо номи Ҳозим таҳти назорат қарор доштанд ва рӯзи чаҳоршанбе ӯро дар як манзил дар канори пойтахт муҳосира карданд.

Тирандозӣ чанд соат идома кард, баъд аз он дар манзили зист сӯхтор ба амал омад. Кормандони пулис баъд аз хомӯш кардани оташ ҷасади сӯхтаи шаҳрванди Либияро пайдо намуданд.

Хадамоти амниятии Миср мегӯянд, фарди гумонбар мехост ба нимҷазираи Синай рафта, ба яке аз гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG