Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Токио ҳизби худро таъсис мекунад


Шинтаро Исиҳара
Шинтаро Исиҳара
Волии Токио Шинтаро Исиҳара ба истеъфо рафт. Дар нишасти хабарӣ дар пойтахти Ҷопон ӯ изҳор намуд, ки мехоҳад ҳизби худро таъсис кунад. Ба гуфтаи волии собиқ, дар рӯзгори Ҷопон ихтилоф зиёд аст ва онҳо бояд аз байн бурда шаванд.

Шинтаро Исиҳара, дар гузашта адиби шинохта, бо андешаҳои миллатгароёнаи худ маъруф аст. Ӯ хостори мавзеъгирии шадидтар дар баробари Чин аст, ки бо Ҷопон баҳси қаламрав дорад. Исиҳара ҳамчунин аз Қонуни асосии Ҷопон, ки баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон қабул ва дар он эълони ҷанг аз сӯи Ҷопон мамнӯъ шудааст, интиқод мекунад.
XS
SM
MD
LG