Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Росатом» партовгоҳҳои урани Табошарро нав мекунад


Русия 75 фоизи лоиҳаҳои коркарди партовгоҳҳои уранро дар Тоҷикистону Қирғизистон маблағгузорӣ мекунад.

Тавре хабаргузориҳои русӣ менависанд «Росатом» сар аз 1-уми январи соли 2013 ба коркарди партовгоҳҳои уран дар Тоҷикистону Қирқизистон оғоз мекунад. Муҳлати ин барнома 6 сол ва арзиши он 1 миллиарду 15 миллион рубли русӣ арзёбӣ мешавад, ки 75 фоизи ин маблағро Русия ба уҳда гирифтаст. Дар доираи барнома, коркарди партовгоҳҳои уран дар ҷануби Қирғизистон ва Табошари Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаст.
XS
SM
MD
LG