Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон ва ниҳодҳои қарздиҳанда ба созиш нарасидаанд


Яннис Стурнарас
Яннис Стурнарас
Юнон ва ниҳодҳои байнулмилалии қарздиҳанда дар мавриди бахши навбати қарз ба маблағи 31 миллиард евро то ҳол ба тавофуқ нарасиданд. Бидуни ин маблағ Афина охири моҳи ноябр дар вартаи варшикастагӣ қарор мегирад.

Яннис Стурнарас, вазири молияи Юнон, изҳор намуд, ки қаблан миёни Афина ва қарздиҳандаҳо дар мавриди барои ду сол – аз соли 2014 то соли 2016 мавқуф гузоштани иҷрои талаби Иттиҳодияи Аврупо оид ба касри буҷаи Юнон созиш ҳосил шуда буд. Аммо намояндагони Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байнулмилали пул гуфтанд, ки ҷонибҳо дар ин мавзӯъ то ҳол ба мувофиқа нарасидаанд ва музокирот идома дорад.

Чораҳои шадиди сарфаи буҷа аз сӯи ҳукумати Юнон, ки боиси коҳиши маошу нафақа мегардад, мунҷар ба эътирозҳои густурдаи мардум шудааст.
XS
SM
MD
LG