Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мегӯяд, ягон кишвари олам то ҳол ба риояи баробарҳуқуқии зану мард муваффақ нашудааст.

Дар гузориши нави Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гуфта шудааст, ки сарфи назар аз талошҳои зиёд ҳанӯз тафовути ҷинсӣ дар аксар кишварҳои олам побарҷост.

Бар пояи ин пажуҳиш, тафовути ҷинсӣ дар бахшҳои тиббу маориф ночиз боқӣ мондааст ва аммо занон дар ишғоли мақоми сиёсӣ аз мардон хело ақиб мондаанд. Муаллифон, ки ин пажуҳишро дар 135 кишвари олам гузарондаанд, ба натиҷае расидаанд, ки дар 88 дарсади ин мамолик тафовути ҷинсӣ коҳиш ёфта, вале дар 12 дарсади дигар баръакс жарфтар шудааст.

Дар феҳристи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Исландия ва кишварҳои скандинавӣ Финландия, Норвегия, Шветсия дар сархат қарор доранд, зеро онҳо дар мавриди аз байн бурдани тафовути ҷинсӣ муваффақ буданд. Аммо, ба гуфтаи муаллифон, Сурия, Чад, Покистон ва Яман дар ин самт тақрибан коре анҷом надодаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар феҳристи худ Қазоқистонро дар мақоми 31-ум ҷой додааст. Як сол пеш ин кишвари Осиёи Марказӣ дар феҳрист 18 зина поийнтар ҷойгир буд. Аз нигоҳи муаллифон, дар Қазоқистон тафовути ҷинсӣ зимни дарёфти маош кам шуда, теъдоди занон дар парлумон ва ҳукумат афзоиш ёфтааст. Аммо дигар кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон дар феҳристи имсола даҳ зина поён рафта, дар хатти 54 қарор гирифт. Муаллифон мегӯянд, ки дар Қирғизистон теъдоди бонувон дар бахши иқтисод ва тиббу маориф камтар шудааст.

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ

Дар Русия ҳам тафовути ҷинсӣ коҳиш наёфтааст ва ин кишвар имсол дар зинаи 59-ум қарор дорад. Дар қиёс бо мардон теъдоди занҳое, ки дар бахши иқтисод фаъолият мекунанд ё мақомҳои калидии сиёсиро доранд, коҳиш ёфтааст. Тоҷикистон чун як соли пеш дар мақоми 96-ум боқӣ мондааст, ҳарчанд муаллифон пешрафти андак дар коҳиши тафовути ҷинсиро қайд кардаанд. Дар ду кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистон ва Туркманистон пажуҳиш сурат нагирифтааст.

Зарафо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, тафовут миёни мардҳову занҳо дар соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон бузург боқӣ мемонад ва бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷойгоҳ ва нақши муассир надоранд. Ба гуфтаи ӯ, як сол қабл ба хотири ҷалби ҳарчӣ бештари занон ба умури сиёсӣ, ибтикори бонувони фаъоли ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, дар назди дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе гуруҳи вижае таъсис шуд. Ба гуфтаи хонум Раҳмонӣ, то имрӯз интихоби занҳо ба ин ё он мақом дар Тоҷикистон чун дар замони Шӯравӣ сурат мегирад. “Бубинед, дар мо то ҳанӯз ҳамон механизми шахшудаи Шӯравӣ истифода мешавад ва зиёда аз ин раҳбарон мехоҳанд ягон нафар аз наздикони худро ба ин ё он мақом пешбарӣ кунанд. Ин зан донишу малака ё таҷриба дорад ё хайр, инро ба инобат намегиранд”,-мегӯяд ӯ.

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова, раиси созмони "Хома", талоши занҳоро барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ нокофӣ мехонад. Ӯ мегӯяд, “дар вазорату идораҳои Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ талошҳое барои риояи таносуби ҷинсӣ ва аз тариқи озмун ишғол намудани ин ё он вазифаю мақом сурат мегирад ва аммо бо вуҷуди ин теъдоди мардҳо дар сохторҳои давлатӣ ба маратоб бештар аст.”

Аз нигоҳи Шаҳло Акобирова, занҳо солҳои беҳтарини худро барои оилаву тарбияи фарзандон сарф мекунанд ва замоне, ки барои дарёфти ҷойгоҳи худ дар ҷомеа меояд, мебинанд, ки аллакай он ҷойро мардҳо ишғол кардаанд. Ва аммо, ба гуфтаи ӯ, албатта, дар ҳама соҳа на ҷинси инсон, балки малакаву истеъдоду кордонии ӯ муҳим аст. Хонум Шаҳло таҷрибаи ҳукумати Гурҷистонро намуна меорад, ки дар ислоҳоти кадрӣ ба афроди шоиставу мутахассис, новобаста ба мансубияташон ба ин ё он ҷинс мақом дод. Интихоби кадрҳо, ба вижа, занҳо дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Айни ҳол бештари созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистонро бонувон сарварӣ мекунанд, вале дар сохторҳои давлатӣ теъдоди намояндагони ҷинси латиф ночиз аст. Шумораи зиёди бонувон дар созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва онҳо бо таҷрибаи андӯхта дар ин созмонҳо метавонанд ганҷи бебаҳое барои ҳукумат бошанд. Аммо то имрӯз, ба гуфтаи Шаҳло Акобирова, аз миёни бонувоне, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекарданд, фақат як нафар - Манзура Маҳкамова ба ҳукумат ҷалб шуда, ҳоло муовини раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, дар ҳайати мудирияти ширкатҳои бузурги Тоҷикистон ҳам занҳо ангуштшуморанд ва волотарин мақом барои онҳо, раиси дафтари матбуот аст. Дар ҳукумати феълии Тоҷикистон фақат Руқия Қурбонова мақоми муовини нахуствазирро дорад, курсии вазирӣ ба ягон зан дода нашудааст. Аз 62 узви Маҷлиси намояндагон фақат 11 нафар занонанд. 5 зан ба узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, баргузида шудаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG