Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мериддин Пурис, таҳлилгари амрикоӣ, роҳи муваффақияти занони тоҷикро дар чеҳра ва намуди зоҳирии онҳо медонад.

Мериддин Пурис, хонуми таҳлилгари амрикоӣ, ки 11 сол боз дар Тоҷикистон машғули боло бурдани обрӯ ва мавқеи занон аст, мегӯяд, аксари занони Тоҷикистон худкамбинанд. Вай бовар дорад, зан бояд новобаста аз муҳиту шароити зист ба саломатӣ ва чеҳраву андоми худ бештар таваҷҷӯҳ кунад.

Ба андешаи ӯ, маҳз бо ин роҳ занон метавонанд назару афкори худро нисбат ба худ тағйир диҳанд ва дар зиндагӣ муваффақ шаванд: "Мо мехоҳем, занони тоҷик дарк намоянд, ки дарёфти имиҷи шахсӣ ва чеҳрасозиву таваҷҷуҳ ба худ барои як зан хеле муҳим аст. Дуруст аст, ки ҳам зани деҳот ва ҳам зани шаҳр барои рафтан ба ороишгоҳҳо ва таваҷҷуҳ ба худ вақти кам доранд, аммо мақсади мо ҳам ин аст, ки аз хона бояд шурӯъ кард. Масалан, имрӯз ба мо як зан шикоят кард, ки ҳамеша худро хаста эҳсос мекунад. Ба як пурсиши мо, ки дирӯз Шумо кадом ғизоро истеъмол кардед, ҳамин зан посух дод, ки хеле зиёд чои сиёҳ менӯшад. Бубинед, ҳама медонем, ки нӯшидани чои зиёд ба камхунӣ мерасонад ва ба саломатӣ зиён дорад."

Ба назари Мериддин Пурис, аксар занони тоҷик мисли занони тамоми дунё зебо будан мехоҳанд ва дар ин маврид андеша мекунанд, аммо шумори хеле андаки онҳо барои ин талош мекунанд.

Умеда Бозорова, яке аз аъзои маҳфили омӯзишии чеҳраёбӣ, мегӯяд, воқеан занони тоҷик, ки имрӯз бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд, худро фаромӯш мекунанд: "Масалан ман, зани хонашин нестам. Аммо вақте аз санҷиш гузаштам, маълум шуд, ки баҳодиҳиям нисбат ба худ хеле паст аст. Мо бештар ба худ аз назари дигарон баҳо медиҳем ва ин ба кору ҳолати равонии мо таъсири манфӣ мегузорад. Мо занон намуди зоҳирӣ он тараф истад, ба саломатии худ ҳам аҳамият намедиҳем. Хӯроки нодуруст мехӯрем. Ба либоспӯшӣ ва саломатии худ бисёриҳо аслан аҳамият намедиҳанд."

Аммо Мавҷуда, модари чаҳор фарзанд, мегӯяд намехоҳад, синни ӯ ва намуди зоҳириаш боиси дур шудани шавҳараш аз ӯ гардад. Бино бар ин, дар ин ҳамоиш ӯ ба мутахассис ва дигар занон бо як суол муроҷиат карду машварат пурсид: "Қади ман 1,6 метр аст ва ман мехостам, бифаҳмам, ки вазни ман чӣ қадар бошад ва ман бояд чӣ кор кунам, ки ба вазни зарурӣ бирасам. Ба ман машваратҳо дода шуд, акнун кӯшиш мекунам нонро камтар ва ба ҷои он мева истеъмол намоям. Соҳиби 4 фарзандам ва мехоҳам, шавҳарам ба ман нигоҳ кунад, на ба занҳои дигар. Барои ҳамин, мехоҳам имиҷи худро боло барам."

Ҷамила, як машваратчии ширкати маъруфи "Мери кей", ки ба фурӯши атр ва зиннатҳои занона машғул аст, мегӯяд, дар Тоҷикистон бештар ҷавондухтарон аз барои зебоии ҳусни худ косметика истифода мекунанд, аммо чун синну сол каме боло рафт аз он даст мекашанд: "Занон намехоҳанд барои намуди зоҳирӣ ва зебогии худ вақт ва маблағ сарф кунанд. Мо талош мекунем, ба онҳо фаҳмонем, ки синну сол набояд монеи тағйир ёфтани намуди зоҳириашон гардад. Онҳо зан ҳастанд ва бояд худро дӯст доранду ба худ таваҷҷуҳ кунанд. Вақте намуди зоҳириат тоза ва зебо набошад, чӣ тавр шумо метавонед кори худро пеш баред. Одамон аслан аввал ба намуди зоҳирии кас баҳо медиҳанд."

Мериддин Пурис мегӯяд, дар Тоҷикистон созмону барномаҳои зиёде барои ҳимоя аз ҳуқуқи занон, боло бурдани мавқеву обрӯи онҳо ва рафъи мушкилоти онҳо кор мебаранд, аммо дар барномаи ин созмонҳо ба як паҳлӯи одӣ, вале муҳим, ба чеҳраи зан ва намуди зоҳирии ӯ, ки метавонад дар дарёфти ҷойгоҳ ва тағйир додани зиндагии онҳо нақши муҳиме дошта бошад таваҷҷуҳ намешавад. Ба қавли ӯ, занонро бояд водор кард, ки бештар дар мавриди симои зоҳириашон андеша кунанд. Саҳеҳтараш, роҳ ба сӯи пешрафтро аз симои худ сар кунанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG