Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳо: Аз шахспарастӣ то "дело"-и дискфурӯшон


Тасвири таҳқиромези муҳоҷирон дар китобчае дар Русия яке аз мавзӯъҳои баҳси нашрияҳои Душанбе дар ин ҳафта будааст.

Аксар нашрияҳои чопи Душанбе тасвири таҳқиромези муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар "Роҳнамои муҳоҷиронӣ корӣ" дар Санкт-Петербургро ба баҳс кашида, ин суолро низ дар миён гузоштаанд, ки "кӣ моро ба сатҳи ҷорӯбу бел фаровард?"

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), дар сӯҳбат бо "ОЗОДАГОН" гуфтааст, ин натанҳо таҳқири мардуми тоҷик, балки таҳқири тамоми мардуми Осиёи Марказист. "Он ёддошти тафоҳуме, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе аз ҷониби ду раисиҷумҳур (Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон) тасвиб шуд, низ боис нагардид, ки масъулини рус муносиботи худро бо муҳоҷирон тағйир диҳанд",-илова кардааст ӯ.

Донишманди ҳуқуқ, Шокирҷони Ҳаким, низ дар шакли асбобҳои корӣ тасвир ёфтани муҳоҷирон дар "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ"-ро пеш аз ҳама таҳқири инсон донистааст. Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи "Озодагон" гуфтааст, "нашри чунин китоб ҳам аз он далолат мекунад, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба таври зарурӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ҳимоя намешаванд."

Ҳафтаномаи "ФАРАЖ" дар шумораи тозаи худ мавзӯи шахспарастӣ дар Тоҷикистон, махсусан таърифу тавсифи шахси президент Эмомалӣ Раҳмонро ба боди баҳс кашидааст. Муаллифи мақолаи "Бутпарстӣ ва шахсиятпарстӣ накунем" гуфтааст, бархе аз муаллифон роҷеъ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон тавре менависанд, ки ба гумони ғолиб ҳам халқ ва ҳам худи ӯро зери бори хиҷолат мемонанд. "Аммо наход дар миёни тақрибан ҳашт миллион нафар танҳо як нафар шоистаи роҳбарӣ бошад. Худо нахоста барои ин нафар кадом ҳодисае пеш ояд, пас, ин миллат бояд чӣ кор кунад?",-пурсидааст муаллифи матлаб.

"ИМРӮЗ НЮЗ" зери рубрикаи "Нома ба идора" хислатномаи маҳбуси собиқ Сайдалӣ Казаковро, ки мегӯяд, шоҳиди марги Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар зиндони рақами як аст, чоп кардааст. Сардори шӯъбаи фаврии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1, ки ин хислатномаро навиштааст, гуфта, ки Казаков дар тӯли маҳкумияти худ дар зиндон барои ислоҳаш талош наварзида, "ташвиқотчӣ, тӯҳматгар ва дорои хислати манфӣ мебошад". Ин хислатмнома ҳамагӣ ду ҳафта баъд аз гуфтугӯи Сайдалӣ Казаков бо расонаҳои дохилу хориҷи Тоҷикистон чоп мешавад, ки ӯ гуфт, дар зиндон шоҳиди шиканҷаи маҳбусон буд ва касе аз он ҷо солим берун намеояд.

"СССР" бошад, аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар баробари онҳое, ки гӯиё наворҳои сӯҳбати Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро "ғайриқонунӣ" аз Интернет берунорӣ ва ба фурӯш гузошта буданд, хабар додааст. Ин нашрия бо такя ба қавли як манбаъ дар "Тоҷиккино" гуфта, ки се ҳазор диски дуздии мавъизаи Эшони Нуриддин ва ҳамин тавр ҳазор диски сӯҳбатҳои Ҳоҷӣ Мирзо мусодира ва маҳв карда шудаанд. Манбаъ аз "Тоҷиккино" ба "СССР" гуфтааст, пиратҳо мавъизаи Эшони Нуриддинро аз сайти хонаводагии онҳо берунорӣ карда, барои нусхабардорӣ ва фурӯши он аз мақомот ва Эшони Нуриддин иҷоза нагирифтаанд. Ин навори сӯҳбатҳои Эшони Нуриддин ҳангоми сафар ва сӯҳбатҳои ӯ бо муҳоҷирон дар Русия сабт шудаанд.
XS
SM
MD
LG