Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон ба тавлиди нафти худ оғоз кард. Ҳоло рӯшан шуда, ки дар шимоли кишвар захираи бузурги нафт вуҷуд дорад.

Ҷавод Умар, сухангӯи вазири маодани Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати канадагии Terraseis як чоҳи бузурги нафтро дар шимолуғарби Афғонистон ошкор кардааст. Ба қавли ӯ, "ин минтақа дар байни Хон Чорбоғ ва бандари Оқина ҷойгир аст ва дар он ҷо таҳқиқоти техникӣ сурат гирифтааст".

Хон Чорбоғ дар вилояти Форёб дар назидкии марз бо Туркманистон ҷойгир аст. Ба гуфтаи Умар, омӯзиш идома дорад, то дар бораи мизони нафт дар ин чоҳ маълумоти бештару дақиқ ба даст ояд. Ин хабар замоне дар Афғонистон мунташир шуд, ки се рӯз пеш, яъне 22-юми октябр, ширкати миллии нафти Чин ё CNPC дар Сари Пул дар ҳамсоягии Форёб тавлиди тиҷоратии нафтро шурӯъ кард.

Ваҳидулло Шаҳронӣ, вазири маодани Афғонистон, оғози истихроҷи нафт аз ин чоҳро барои Афғонистон рӯзи таърихӣ номид: "Рӯзи хеле хуш аст. Як рӯзи таърихӣ барои тамоми мардуми Афғонистон аст, ки барои аввалин бор тавлиди тиҷоратии нафти хом дар Афғонистон оғоз мешавад."

Ҷавод Умар

Ҷавод Умар

Дар оғоз интизор мерафт, ин ширкати чинӣ дар як рӯз аз ин чоҳи соҳили рӯдхонаи Ому дар Сари Пул 2 ҳазор бушка нафт бикашад, вале акнун ба нақша гирифтааст, ки бо боз кардани чоҳҳои дигар дар ин минтақа мизони истихроҷи нафтро ба маротиб боло барад. Ширкати чинии СNPC моҳи декабри соли гузашта барои ҳамкорӣ дар чоҳҳои нафту гази шимоли Афғонистон бо ин кишвар қарордод имзо кард. Дар ин қарордод ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки Чин дар Афғонистон нахустин корхонаи полоишгоҳи нафт хоҳад сохт.

Чин дар соҳили муқобили рӯдхонаи Ому дар қаламрави Туркманистон низ фаъолият дар чоҳҳои нафту газро оғоз кардааст ва чоҳи бузурги Ёлатан-Усмон аз ҷумлаи он ба шумор меравад. Чин барои ин кор қарзҳое дар ихтиёри ҳукумати Туркманистон қарор додааст.

Ёлатан Усмон яке аз чоҳҳои бузурги ҷаҳон дониста мешавад. Коршиносон тахмин мезананд, ки захираи гази он 4 триллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Баъзе мутолеоти дигар ин захираро 14 триллион тахмин мезананд. Иддао мешавад, ки чоҳи Ёлатан-Усмон то ба қаламрави Афғонистон мерасад. Баъд аз оғози тавлиди нафт дар сари Пули Афғонистон ҳоло раҳбарони ин кишвар дар бораи таъмини кишар бо нафту гази дохилии худ ҳарф мезананд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG