Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия шумораи муътодон афзоиш ёфтааст


Хадамоти федеролии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия хабар додааст, ки шумораи муътодони маводи мухаддир дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва ба 8,5 миллион нафар расидааст.

Ин шумора аз аҳолии Тоҷикистон тақрибан як миллион нафар бештар аст.

Дар санаде, ки ин хадамот рӯзи чаҳршанбе ба нашр расонд, гуфта мешаваад, ки кормандони ниҳодҳои интизомӣ соли ҷорӣ 85 тон маводи мухаддир боздошт кардаанд ва 88 ҳазор нафар ба масъулияти ҷиноӣ кашида шудаанд.
XS
SM
MD
LG