Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон-рӯзноманигорони шуҷоъ ҷоиза гирифтанд


Як хонуми рӯзноманигор аз Озарбойҷон ва занони дигар аз Эфиопияву Покистон ва Фаластин ҷоизаи “Ҷасорат дар журнализм”-ро дарёфт карданд.

Рӯзи чаҳоншанбе ин ҷоизаро ба онҳо Бунёди байналмиллалии занони матбуот дар Нию Йорк тақдим кард ва гуфт, ин рӯзноманигорон нақши занонро дар матбуоти ҷаҳон боло бурдаанд.

Хадича Исмоилова-рӯзноманигори озарӣ дар бораи ришвахорӣ дар кишвараш гузоришҳо таҳия мекард ва ҳукумат талош кард бо тӯҳмату бӯҳтон даҳони вайро бибандад. Вале муваффақ нашуд.

Барандагони дигари ин ҷоиза низ ҳамин тавр аз худ шуҷоат нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG