Пайвандҳои дастрасӣ

Барои таъмири ниругоҳи Норак аз Украина ба фурудгоҳи Душанбе як чархаи нав оварданд. Дар ин бора ширкати “Барқи Тоҷик” хабар додааст.

Ин чархаро ширкати "Турбоатом"-и Украина сохтааст. Арзиши чарха 4 миллион доллар ва интиқоли он аз роҳи ҳавоӣ то ба Душанбе бо ҳавопаймои Ан-225 "Мрия" 880 ҳазор долларро ташкил додааст.

“Барқи Тоҷик” гуфтааст, баъд аз насби чархаи нав тавоноии тавлиди барқ дар чархаи шумораи 8 10 МВт боло меравад ва 335 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳоло ниругоҳ 9 чарха дорад ва 3 ҳазор МВт барқ тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG