Пайвандҳои дастрасӣ

Соли гузашта СММ дар Тоҷикистон $70 млн сарф кардааст


Соли гузашта СММ дар иҷрои баномаҳои башарӣ дар Тоҷикистон 70 миллион доллар сарф кардааст. Дар ин бора Александр Зуев-раҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон ба хабарнигорон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳоло 23 намояндагии мухталифи ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳамкории баъзеи онҳо таърихи 20 сола дорад.

Оқои Зуев гуфт, кӯмакҳои молии СММ дар мубориза бо фақр, анҷоми ислоҳот дар бахшҳои беҳдошт, маориф, дар бахшҳои иҷтимоӣ ва кӯмак ба аҳолӣ ба масраф расидааст.
XS
SM
MD
LG