Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав боз як вакили мудофеъ боздошт шуд


Дар Маскав вакили мудофеъ Максим Коротков-Гуляев боздошт шуд. Вай аз Рихард Соболев дифоъ мекард ва Соболев барои беназмӣ дар Манежная плошад муттаҳам дониста мешавад.

Максим Коротков ба радиои “Эхо Москвы" хабар додааст, ки қабл аз боздошт дар хонаи вай амалиёти кофтуков анҷом додаанд.

11 декабри соли 2010 ҳудуди 5 ҳазор нафар мухлисони футбол ва миллатгароён дар Манежная плошад ба беназмӣ роҳ доданд. Онҳо аз хиёбони Кронштадт то майдон барои хотираи Егор Свиридов раҳпаймоӣ анҷом доданд. Вайро 6 декабр дар ҷараёни моҷарое парронда буданд.
XS
SM
MD
LG