Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судон мегӯяд, ҳамла кори дасти Исроил аст


Як мақоми воломақоми Судон мегӯяд, ҳавопаймоҳои Исроил ба як корхонаи аслиҳасозӣ дар шаҳри Хартум пойтахти он кишвар ҳамла кардаанд. Аҳмад Билол Усмон, вазири иттилоъоти Судон гуфт, шоми сешанбе “чаҳор ҳавопаймои низомӣ ба корхонаи Ярмука” ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа корхона оташ гирифтааст. Ӯ афзуд, ки аз ҷойи ҳодиса аломатҳое ёфт шудааст, ки нишон медиҳанд, ҳамла кори дасти Исроил аст ва “Судон ҳақ дорад, дар замону ҷойи муносиб посух бидиҳад”. Ба гуфтаи раиси шаҳри Хартум, теъдоде аз сокинон баъди нафас гирифтани дуди олуда дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазорати умури хориҷии Исроил, ки дер боз шаҳри Хартумро як пойгоҳе барои тундравони гурӯҳи Ҳамос мехонад, қазияи мазкурро шарҳ надод.
XS
SM
MD
LG