Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тундрави исломиро дар Қазон куштанд


Кумитаи Тафтишотии Русия имрӯз гуфт, се тундрави исломие, ки дар шаҳри Қазон кушта шуданд, муттаҳамони ҳамла ба рӯҳониёни шинохта дар Тотористон будаанд. Моҳи июли ҳамин сол Идлус Файзов, муфтии Тотористон дар як бомбгузорӣ захмӣ шуд ва муовини пешини ӯро бо зарби тири туфанг куштанд, ки ин ҳамлаҳоро кори ҳамон тундравони исломӣ медонанд. Ин се нафар рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Қазон дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурони амниятӣ ҳалок шуданд. Дар ин ҳодиса се ду маъмури Хадамоти Амниятии Русия ҳам ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG