Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳр - танҳо ҷои зист ё ҳамчун симои давлат ва миллат?


Бинои шаҳрдории Душанбе.

Бинои шаҳрдории Душанбе.

Рӯзи чаҳорншанбе дар парлумони Тоҷикистон Кодекси шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифт.

Ҳамакнун танҳо он биноҳое иҷозаи фурӯшро пайдо хоҳанд кард, ки то шаст дарсади корҳои сохтмонӣ дар онҳо ба анҷом расида бошад. Дар сурати ғайр ҳама асноди хариду фурӯши чунин биноҳо ғайриқонунӣ ба ҳисоб рафта эътибори қонунӣ нахоҳанд дошт.

Бо зикри ин матлаб Абдувалӣ Комилов, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, ки лоиҳаи Кодекси шаҳрсозиро барои вакилони Маҷлиси намояндагон тавзеҳ мекард гуфт, то кунун як санади мукаммал ва махсуси ҳуқуқӣ, ки фаъолиятҳои шаҳрсозӣ дар Тоҷикистонро ба танзим дароварад вуҷуд надошт.

Вале ҷаноби Комилов афзуд, ҳамакнун бо қабули Кодекси шаҳрсозӣ, фаъолияти шаҳрсозӣ дар кишвар дар чаҳорчӯби ҳуҷҷати мушаххаси ҳуқуқӣ танзим ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва низ худи шаҳрвандон муайян карда шуд: «Меъёрҳои Кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳад ва рияоти онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад».

Кодекси шаҳрсозӣ аз сӯи парлумони Тоҷикистон дар ҳоле мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифт, ки дар ҷараёни нақшаи генералии навсозии бархе аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон аз ҷумла Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва шаҳри Душанбе як қисм аз сокинони ин шаҳрҳо норозигӣ баён карданд. Зеро на дар ҳама ҳолат масъулин ҷуброни ба маҳалли дигар кӯч додани сокинонеро, ки дар асоси ин нақша ба ночор тарки манзил карданд, ба тавре ки бояд пардохт намуданд.

Ба таъкиди раиси Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ, яке дигар аз нукоти муҳим дар Кодекси шаҳрсозӣ маҳз масъалаи пардохти ҷуброни ин гурӯҳи шаҳрвандон аст. Аммо ҷаноби Комилов афзуд, ки қабули ин Кодекс кадом таъсир ва ё халале дар амри иҷрои нақшаи куллии навсозии шаҳри Душанбе нахоҳад расонд. Ва нақшаи мазкур ҳамчунон марҳала ба марҳала татбиқ мешавад..

Аммо бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон бар ин назаранд, ки умури шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон ниёз ба дигаргунӣ дорад. Ба гуфтаи ин вакилон, дар сохтмони бино ва иншоот дар бештари ҳолат масъалаи арзиши он дар ҷойи аввал меистад, дар ҳоле ки мегӯянд, бояд нишона ва хусусиятҳои меъмории миллӣ ҳатман ҷо дошта бошад. Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҲКТ, шаҳр на танҳо ҷойи зист, ҳамчунин симои як миллат ва давлат аст ва намешавад биноҳо ва ё иншооти таърихиро худсарона тахриб кард:

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ

Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ

«Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки таърихи тамаддун аз домдориву кишоварзӣ ба шаҳрсозӣ тақрибан роҳи 4 ҳазор соларо гузашт. Ҳамаи давлатҳо аз Мисру Юнони қадим сар карда то Осиёи Миёнаву Ҳиндустону Чин ба ин масъала диққати ҷиддӣ медоданд. Ва мо ҳам огоҳем, ки чи чизҳои фарҳангиву илмӣ аз он давраҳо боқӣ мондаанд. Яъне шаҳр фақат як макони зист нест. Як организми зиндае ҳаст, ки онҷо худсарона рафтор кардан даркор нест. Як узви онро халалдор кунем, дигар узвҳои шаҳр, ҷойи илму фарҳангу макони зисту тиҷоратхароб мешавад.»

Ин вакили Маҷлиси намояндагон бо ишора бамавридҳое, ки дар гузашта бар асари нофаҳмиҳои миёни мақомоти маҳаллӣ ва марказӣ хеле аз шаҳрвандон дар сохтмони манзил хисороти зиёд диданд, қабли ин қонун, ки фурӯши қитъаи заминро барои манзил манъ кардааст, саривақтӣ хонд.

Бо ин ҳол Абдувалӣ Комилов, раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, ки минбаъд фаъолияти шаҳрсозӣ танҳо зери назорати мақомоти давлатӣ қарор нахоҳад дошт ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ дар таҳияи лоиҳаҳо ва назорати сохтмони биноҳо ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи ин нукта имкон хоҳад дод, симои миллии шаҳрҳо ҳифз шуда, ба беадолатиҳо ҳангоми кӯчондани аҳолӣ роҳ дода нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG