Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Зарафшон”-и Панҷакент шоми 24-уми сентябр поён ёфт.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 10:1 ба охир расид.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони Душанбе чаҳор гол ба самар расонданд. Тӯбҳоро Ҷаҳонгир Эргашев, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дилшод Восиев вориди дарвоза карданд. Дар нимаи дуввуми бозӣ Фаридун Шарифов, бозигари “Зарафшон”, голи ягонаи "Зарафшон"-ро дар дақиқаи 57-ум ба самар расонд.

Баъдан футболбозони "Истиқлол" то анҷоми бозӣ боз шаш гол заданд. Дилшод Восиев се голи дигар зада дар ин дидор покер кард, яъне ҳамагӣ чаҳор гол зад. Як голро ӯ аз ҷаримаи ёздаҳметра ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Дилшод бо 18 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷои аввал баромад. Голҳои дигари "Истиқлол"-ро дар нимаи дувуми бозӣ Фирдавс Қурбонов, Фарҳод Тоҳиров ва Александр Франк вориди дарвозаи "Зарафшон" карданд.

Даври 22-юми мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 25-уми октябр бо бозии дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Энергетик”-и Душанбе шурӯъ шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:1 поён ёфт. Се голи “Хайр”-ро ҳамлагар Мирзобек Мирзоев ва як голро Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, ба самар расонданд. Як голи “Энергетик”-ро Аҳтам Назаров зад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан"-и Кӯлоб бо 47 имтиёз дар ҷойи дувум ва "Хайр"-и Ваҳдат бо 42 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаи “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 39 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. "Истиқлол" бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. «Хайр» низ барои ба даст овардани медалҳо талош дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 19 15 3 1 61-15 48
2. «Равшан» (Кӯлоб) 19 15 2 2 32-9 47
3. «Хайр» (Ваҳдат) 19 13 3 3 38-20 42
4. «Истиқлол» (Душанбе) 17 12 3 2 47-10 39
5. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 19 8 4 7 24-16 28
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров)) 19 8 3 8 35-29 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 19 7 4 8 26-29 25
8. «Энергетик» (Душанбе) 20 6 6 8 26-27 24
9. КМВА “Помир” (Душанбе) 20 6 5 9 22-23 23
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
11. «Ҳосилот» (Фархор) 19 4 2 13 18-46 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 19 2 0 17 10-49 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 20 1 3 16 20-78 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол»)-18 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») – 16 гол, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») - 14 гол.

27-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳосоати 15.00
«Регар-ТадАЗ» - «Вахш»
«Истиқлол» - «Гвардия»

28-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 15.00
«Ҳосилот» - «Равшан»
«Хуҷанд» - ССКА «Помир»

PS: Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 22-юм байни дастаҳои «Истаравшан» - «Парвоз» аз 27- уми октябр ба 22-юми ноябр мавқуф гузошта шуд. Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум миёни дастаҳои «Вахш» - «Хайр» 30-юми октябр баргузор мешавад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG