Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози ҷавонон аз тамдиди ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон


Як гурӯҳ аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар паёме ба ҷомеаи маданӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқатномаи ахири тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум кардаанд. Онҳо аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, то манфиатҳои кишвар дар ин қарордод ҷойгоҳи муносиб пайдо накунанд, аз тасвиби ниҳоии ин сада пешгирӣ ба амал ояд. Созишномаи мазкур ҳангоми сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе 4-5-уми октябри соли равон ба имзо расид ва акнун бояд Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасвиб кунанд. Ин санад ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид мекунад. Дар иваз Русия ба модернизатсияи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Фарохони ҷавонони Тоҷикистонро то ин лаҳза 347 нафар, аз ҷумла афроде чун Саймиддин Дӯстов, Асомуддин Атоев, Парвина Ибодова, Фазлиддин Насриддинов, Далер Ғуфронов, Дориюши Раҷабиён, Адибаи Азиз ва дигарон имзо кардаанд. Муаллифони паём гуфтаанд, ҷамъоварии имзоҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG