Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ аз оташбаси муваққатӣ дар Сурия хабар дод


Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ҳукумати Сурия ва баъзе аз гурӯҳҳои шуришӣ ба созиши оташбаси муваққатӣ дар рӯзҳои иди Қурбон мувофиқат кардаанд. Ахзар Иброҳимӣ рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Қоҳираи Миср гуфт, ҳукумати Сурия рӯзи панҷшанбе расман дар бораи пазируфтани созиши оташбас эълом хоҳад дод. Ба қавли ӯ, бисёре дигар аз гурӯҳҳои шӯришии Сурия усулан ба оташбаси муввақатӣ ризоият додаанд, аммо нагуфт, ки бо кадоме аз он гурӯҳҳо тамос доштааст. Иди Қурбон рӯзи 26 октябр оғоз ёфта ва се рӯз идома мекунад. Қабл аз эъломи Ахзар Иброҳимӣ, ҳавопаймоҳои артиши Сурия мавзеъҳои шӯришиён дар вилоятҳои Идлиб ва канораҳои шаҳри Димишқро ҳадаф гирифтанд.
XS
SM
MD
LG