Пайвандҳои дастрасӣ

"Барномае барои музокироти дуҷониба бо Эрон надорем"


Кохи Сафед.

Кохи Сафед.

Кохи Сафед рӯзи сешанбе эълом кард, ки давлати Амрико ҳеҷ барнома барои музокироти дуҷониба бо Эронро надорад.

Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар баёнияи расмӣ гузориши рӯзномаи амрикоии «New-York Times» дар мавриди тавофуқи Эрон ва Амрико барои музокираи мустақим ва рӯ ба рӯ дар бораи барномаи ҳастаии Теҳронро рад карда буд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбеи гузашта низ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ин мавзӯъро таъкид кардааст, ки «ҳеҷ тавофуқе» дар ин замина ба даст наёмадааст.

Рӯзномаи амрикоии "New-York Times" рӯзи шанбе дар остонаи баргузории охирин мунозираи интихоботӣ дар ин кишвар, дар гузорише ба нақл аз чанд мақоми ношинос дар давлати Барак Обама навишта буд, ки Амрико ва Эрон барои музокираи рӯбарӯ бар сари барномаи ҳастаии Эрон ба тавофуқ расидаанд.

Ҷи Корнӣ, сухангӯи Кохи Сафед гуфт: «Мо ҳамеша барои баррасии музокираи дуҷониба бо Эрон омода будаем, аммо акнун ҳеҷ барнома барои ин кор надорем.»
Ҷи Корнӣ, сухангӯи Кохи Сафед.

Ҷи Корнӣ, сухангӯи Кохи Сафед.

Оқои Корнӣ дар идома гуфтааст, ки "ИМА ва дар раъси он давлати Обама на барномае барои музокираи дуҷониба бо Эрон дорад ва на тавофуқе дар ин замина ҳаст.»

Сухангӯи Кохи Сафед бо ин ҳол дар идома изофа кардааст, ки ИМА фақат дар сурате омодаи музокира бо Эрон аст, ки «эрониҳо барои музокира ҷиддӣ бошанд.»

Кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар садади дастёбӣ ба технологияи сохти аслиҳаи ҳастаӣ аст. Аммо Эрон дар муқобил бо радди ин иттиҳом мегӯяд, барномаи ҳастаиро танҳо барои таъмини энержӣ ва ҳадафҳои ғайри низомӣ дунбол мекунад.

Кишварҳои гурӯҳи панҷ ба иловаи як, дар талошанд то аз тариқи музокира бо Эрон, барои муноқишаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ба роҳи ҳалле даст ёбанд.
XS
SM
MD
LG