Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди камназири Ҳуавей ба давлати Австралия


Huawei Technologies - бузургтарин тавлидкунандаи абзорҳои мухобиротӣ дар ҷаҳон мегӯяд, омода аст, ба Австралия “дастрасии комил ва номаҳдуд ба унсурҳои рамзии нармафзор ва таҷҳизоти худро бидиҳад.” Ин ширкати азими Чин саъй дорад, аз ҳамин роҳ нигарониҳои кишварҳои дигарро фӯру нишонад, ки мегӯянд Ҳуавей метавонад, барои амнияти онҳо хатар эҷод кунад. Ҳамин сол давлати Австралия Ҳуавейро ба озмуне роҳ надод, ки дар он иҷрокунандаи тарҳи бунёди шабакаи миллии интернетии кишвар интихоб мешуд. Вакилони амрикоӣ ҳам бо назардошти иртиботи наздики Ҳуайвей бо ниҳодҳои давлатии Чин гуфтанд, ки мумкин аст, ин ширкат ҷосусӣ кунад. Аммо Ҷон Лорд, раиси шохаи австралиягии Ҳуавей, Амрикоро ба ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ муттаҳам кард ва гуфт, Ҳуайвей бояд афсонаҳо ва иттилоъоти бардурӯғ дар бораи худро бартараф кунад. Ӯ ҳамчунин ба Австралия тавсия дод, ки маркази махсусеро барои озмоиши таҷҳизоти лозим барои шабакаҳои мухобиротии худ таъсис диҳад.
XS
SM
MD
LG