Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон афв шуд


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон, писари зиндонии Зивад Гамсахурдиа, нахустин президенти кишварро афв кардааст. Мақомоти расмӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки Михайил Саакашвилӣ бо хоҳиши Иляи дуввум усқуфи Гурҷистон аз гуноҳи Тсотне Гамсахурдиа гузаштааст, ки се сол пеш барои сӯиқасд ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ба зиндон маҳкум шуд. Тсотне Гамсархурдиа дар маҷмӯъ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Падари ӯ Зивад Гамсахурдиа, дигарандеши маъруфи гурҷӣ дар замони шӯравӣ аз 1991 то соли 1992 раиси ҷумҳур буд ва рӯзи 31 декабри соли 1993 дар як гӯшаи ғарбии Гурҷистон дар шароити номаълуме ҳалок шуд.
XS
SM
MD
LG