Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ташхиси марги маҳбуси тоҷик эълом шуд


Хешовандонаш мегӯянд, ба хулосаҳои ташхиси тиббии марги Ҳамза Икромзода, ки моҳи сентябр дар зиндон даргузашт, бовар надоранд. Амир Икромов, бародари Ҳамза ба Радиои Озодӣ гуфт, кумиссиёни махсуси Додситонии Кулл баъди ташхиси тиббӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки ӯ худро ба дор кашидааст. Аммо Амир Икромов мегӯяд, ин хулосаи дуруст нест ва онҳо хостаанд, ташхиси такрорӣ сурат бигирад. Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20 сентябр дар маҳбаси рақами яки Душанбе ба ҳалокат расид ва пайвандонаш мегӯянд, ки дар бадани ӯ осори шиканҷа, аз ҷумла дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд.
XS
SM
MD
LG