Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

100 трактори МТЗ ба хоҷагиҳои деҳқонии Хатлон


Дар чаҳорчӯби тарҳи созмони USAID таҳти унвони «Барномаи рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон», беш аз 100 тракторҳои МТЗ ба хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии вилояти Хатлон тақсим карда хоҳад шуд. Ба ин муносибат имрӯз, 24-уми октябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури Сюзан Эллиот, сафири Амирико дар Тоҷикистон ва намояндагони USAID, масъулони ҳукумати вилояти Хатлон дар як ҳамоиш 10 адад аз ин тракторҳо ба ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии ин вилоят гузошта шудааст. Ва то поёни рӯз тракторҳои боқимонда тақсим карда хоҳанд шуд. Барои харидории ин тракторҳо ҳукумати Амрико дар маҷмуъ 400000 доллар маблағгузорӣ кардааст, ки ин маблағ даҳ дарсади ҳаҷми умумии арзиши тракторҳоро дар бар мегирад. Ҳадаф аз ин, рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва коҳиши мизони фақр дар вилояти Хтлон гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG