Пайвандҳои дастрасӣ

МТС: Путин халқи русро ба нестӣ мебарад


Маркази тадқиқоти стратегии Русия муайян кардааст, ки эътимоди шаҳрвандон ба раисиҷумҳури ин кишвар, Владмир Путин ва ҳизби ҳоким «Русияи воҳид» коҳиш ёфтаст. Ба иттилои хабаргузориҳои Русия, пажӯҳиши мазкур, ки моҳҳои сентябру октябр бо фармоиши Кумитаи ташаббусҳои шаҳрвандӣ гузаронда шудаст, маълум кардаст эътимоди русиягиҳо ба Путин дар моҳи сентябри соли равон то 42 дарсад коҳиш ёфтааст, ки пасттарин нишондод аз соли 2003-ум ба шумор меравад. Интизор меравад, ки маҳбубияти раиси ҷумҳури Русия то соли 2013 боз ҳам коҳиш меёбад. Бисёри мусоҳибони Маркази омӯзишҳои стратегии Русия изҳор доштаанд, ки дар аҳди Путин мувваффақияти назаррасе ба даст наомадаст: «Танҳо ваъдаҳо такрор ба такрор садо медиҳанду халос». Мусоҳибони Марказ таъкид кардаанд, ки дар Русия ивазшавии раҳбарияти кишвар тавассути интихобот ғайривоқеӣ менамояд. Дар ҳамин ҳол тарси мардум аз хатарҳои эҳтимолии инқилоб камтар шудаст. Дар хулосаи гузориш омадааст, ки дар сурати идомаи сиёсати мавҷуда, Русияро аз даст додани малакаҳои корӣ, майзадагӣ, коҳиши таваллуд ва вуруди зиёди муҳоҷирон интизор аст.
XS
SM
MD
LG