Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар таҳримҳо афзоиш ёбанд, содироти нафтро қатъ мекунем"


Вазири нафти Эрон гуфтааст, агар таҳримҳои ҷаҳонӣ алайҳи кишвараш бештар шаванд, содироти нафтро қатъ хоҳанд кард.

Рустам Қосимӣ, вазири нафти Эрон, ки ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ сафар кардааст, рӯз сешанбе гуфт: «Дар сурате, ки Ғарб таҳримҳои худро алайҳи Эрон бештар кунанд, Ҷумҳурии Исломӣ ҳам дар муқобил иқдом ба қатъи содироти нафти худ хоҳад кард.»

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Рустам Қосимӣ хитоб ба кишварҳои ғарбӣ гуфт: «Агар ба афзоиши таҳримҳо идома бидиҳед, мо ҳам содироти нафтамонро ба дунё қатъ мекунем.»

Вай афзуд: «Тарҳи эҳтиётие омода кардаем то кишварро бидуни ҳеҷ гуна даромади нафт, идора кунем

Оқои Қосимӣ бидуни тавзеҳ дар мавриди ин «тарҳ» изҳор дошт ки «то ҳоло мушкилоти ҷиддӣ надоштаем, аммо агар таҳримҳо изофа шаванд, тарҳи эҳтиётиро иҷро хоҳем кард.»

Эъломияи таҳияи тарҳи эҳтиётӣ барои идораи умури кишвари Эон бидуни даромади нафт дар ҳоле баён мешавад, ки дар шароити феълӣ бахши аъзами даромади давлати Эрон аз содироти нафт таъмин мешавад.

Ҷиддӣ нагирифтани таъсири таҳримҳо аз сӯи вазири нафти Эрон дар ҳоле баён мешавад, ки бар асоси охирин гузоришҳои Оҷонси байналмилалии энержӣ, содироти нафти хоми Эрон нисбат ба порсол наздик ба як миллиону 600 ҳазор бушка коҳиш ёфт ва таҳримҳои афзояндаи Ғарб боиси суқути шадиди арзиши пули миллии Эрон шудааст.
XS
SM
MD
LG