Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Макка маросими ҳаҷ оғоз мешавад


Маросими ҳаҷ дар Макка
Маросими ҳаҷ дар Макка
Имрӯз дар ҷараёни адои маросими солонаи ҳаҷ зиёрати Маккаи мукаррама оғоз мешавад. Соли ҷорӣ бештар аз 2 миллион нафар мусулмонон аз саросари ҷаҳон дар ин маросим ширкат хоҳанд ҷуст.

Бо назардошти ин, ки соли ҷорӣ дар кишварҳои Ховари Миёна зиддиятҳо миёни пайравони шиа ва суннӣ мушоҳида мешавад, мақомоти Арабистони Саъудӣ эълон кардаанд, ки ҳаҷ маросими комилан мазҳабист. Онҳо бар зидди ҳар гуна таҳрикоти сисёсӣ ҳушдор доданд.

Мақомоти Сурия гуфтанд, ки кишварашон аз зоирини Сурия ва Эрон истиқбол мекунад, бо вуҷуди ин ки дар Сурия байни шӯришиён ва ҳукумати ин кишвар даргириҳо идома дорад ва Эрон аз режими Сурия ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG