Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиби "боломақом" дар Кундуз боздошт шуд


Дар вилояти Кундузи Афғонистон дар ҷараёни амалиёти муштараки артиши Афғонистон ва нируҳои НАТО мулло Абдулраҳмон-фармондеҳи боломақоми Толибон боздошт шуд.

Манбеи расмии ҳукуматӣ хабар доданд, ки ин амалиётро рӯзи ҷумъа нируҳои Афғонистон ва воҳидҳои низомии Олмон анҷом додаанд.

Абдулраҳмон дар вилоятҳои Кундузу Тахор ва Бадахшон ҳамлаҳоро созмон додааст ва ба гуфтаи як мақоми расмии вилояти Кундуз, Абдулраҳмон барои Толибон волии ин вилоят дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG