Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ақибнишинӣ"-и Тоҷикистон аз эътироз ба "Раҳнамо"


Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар хабарҳои матбуотро дар бораи эътироз ба чопи “Раҳнамои муҳоҷирони корӣ” дар Санкт Петербурги Русия инкор карданд ва гуфтанд, ки онҳо талаб накардаанд, ки ин раҳнамо аз истифода боздошта шавад.

Дар ин бора “Российская Газета” хабаре ба нашр расондааст.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи душанбе бо пахши як баёнияи вижа нашри роҳнамо барои муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияро шадидан маҳкум кард ва хостори манъи комили тавзеъи ин китоб дар байни муҳоҷирон шуд.

Дирӯз сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороти расмӣ, нашри «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ»-ро маҳкум кард ва онро иғвою дасиса хонд, ки гурӯҳҳои алоҳида барои "ҳадафҳои нопоки худ" даст ба ин кор задаанд.

Дар ин раҳнамо муҳоҷирони корӣ дар шакли ҷорӯбу шӯткаи рангмолӣ ва асбоби андова тасвир шудаанд.
XS
SM
MD
LG