Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони тоҷик қарордоди Русияву Тоҷикистонро намехоҳанд


Як гурӯҳи бузурги ҷавонони Тоҷикистон даъват кардааст, ки қарордоди ахири миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи истиқрори пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шавад.

Матни ин эътироз дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба нашр расидааст. Фаъолони ин гурӯҳ , ки хадро “намояндагони ҷавонони Тоҷикистон” ном бурдаанд, барои ҳимоят аз ин ташаббуси худ имзо гирдоварӣ мекунанд.

Бо гузашти ду ҳафта аз оғози ин ташаббус дар зери матн 300 нафар имзо гузоштаанд. Бештари онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Онҳо навиштаанд, “ин қарордод, ки ҳузури пойгоҳи Русия то соли 2042-ро дар бар мегирад ва ба низомиёни Русия дар қаламрави Тоҷикистон масъунияти дипломатӣ медиҳад, ба манофеи ҷомеаи Тоҷикистон ҷавобгӯ нест”.

Барои эътибор пайдо кардан ин қарордодро бояд порламон ба тасвиб расонад ва раиси ҷумҳур дар он имзо гузорад.
XS
SM
MD
LG