Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуне дар бораи "хиёнаткорони Ватан" дар Русия


Думаи Давлатии Русия бо аксарияти оро пешнависи қонунеро ба тасвиб расонд, ки дар он мафҳуми хиёнат ба Ватан бештар тавзеҳ дода шудааст. Мунаққидон мегӯянд, ки он як бахши барномаи саркӯб кардани норозиёни сисёсии Кохи Кремли Маскав аст.

Дар қонуни пешин ҷосусӣ ё кӯмак ба кишварҳои хориҷӣ, ки дар бораи амнияти Русия маълумот мехоҳанд, хиёнат ба Ватан арзёбӣ намешавад.

Аммо дар пешнависи нав ин кор “хилофи Қонуни Асосӣ, амали зидди истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии кишвар” дониста мешавад.

Пешнависи ин қонунро Хадамоти Федеролии Амнияти Русия таҳия кардааст. Дар пешнависи ин қонун фаъолиятҳое аз қабили кӯмаки молӣ ва машваратӣ ба кишвари хориҷӣ ё созмони байналмиллалӣ низ хиёнат арзёбӣ шудааст.

Ин пешнависро бояд Шӯрои Федератсия низ ба тасвиб расонад ва дар он раиси ҷумҳур имзо гузорад.
XS
SM
MD
LG