Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бердимуҳаммадов ба мардумаш зиндагии хуб ваъда дод


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Рӯзи сешанбе Қурбонгулӣ Бедимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон қавл дод, ки дастмузд ва нафақаҳоро дар кишвараш боло мебарад ва Туркманистонро аз кишвари кишоварзӣ ба кишвари саноатӣ табдил медиҳад.

Вай дар шаҳри Туркманбошӣ воқеъ дар соҳили Баҳри Хазар дар ҳузури 2 500 нафар солмандону вазирон ва раҳбарони минтақа гуфт, аз оғози соли нав дастмузд 10 дарсад ва нафақа 15 дарсад боло хоҳад рафт.

Бердимуҳаммадов қавл дод, ки сарвати ба даст омада аз нефту газро барои боло бурдарни сатҳи зиндагии мардум ба масраф хоҳад расонд.

27 октябр Туркманистон 21 солагии истиқлоли давлатии худро баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG