Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Сурия ошӯбгаронро аз Маърат ал-Нӯъмон берун карданист


Ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия имрӯз ҳам шаҳри Маърат ал-Нӯъмонро, ки таҳти назорати мухолифини мусаллаҳ қарор дорад, бомбборон карданд. Артиш талош дорад ошӯбгаронро аз ин шаҳри воқеъ дар шоҳроҳи миёни Ҳалаб ва Димишқ берун кунанд. Зери назорати мухолифини мусаллаҳ боқӣ мондани Маърат ал-Нӯъмон артишро аз имкони фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба шимолу ғарби кишвар маҳрум сохтааст.

Даргириҳо дар Сурия дар ҳоле идома доранд, ки Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб чанд рӯз боз мехоҳад Димишқ ва мухолифини мусаллаҳро барои оташбас дар рӯзҳои Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон моил кунад. Иди Қурбон дар кишварҳои мусалмон рӯзи ҷумъа таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG